четверг, 24 декабря 2009 г.

«Фохишахоро созед!»

Квота дар интихоби парлумонї зарур аст?

Љаласаи ѓайринавбатии Шўрои љамъиятии Тољикистон дар љомеа бардоштњои гуногунро њосил кард. Ман онро намоиши ќудрати њукумати кишвар номидам. Њатто гуфтам, ки ин нишаст интихоботи пеш аз интихоботро мемонад. Зеро шояд ин бори аввал буд, ки барои мардуми ба ин гуна нишастњо муштоќ, зарурати хондани рўзномаи Додољони Атовулло «Чароѓи рўз» боќї намемонд: таќрибан шакли пурраи онро шабакањои телевизионии њукуматї гаштаву баргашта намоиш медоданд. Њангоми сўњбат бо иштирокдорони гуногуни нишаст маълум гардид, ки ин бор шабакањо танњо аз љузъиёти камањамияти љаласа сарфи назар кардаанд. Дар сурате, ки чунин љаласањо пештар пушти дарњои пўшида сурат мегирифтанд.
Бешак саволи мантиќие пайдо мешавад: сабаби ин ќадар мутмаинона пахш кардани чунин нишаст дар куљост?
Гап сари ин меравад, ки ба андешаи њукумат нерўњои комили сиёсии мамлакат дар ин љаласа њузур пайдо карда буд ва онњо зарфияти (потенсиали) пурраи худро ба намоиш гузоштанд. Дуруст аст, ки аз 8 њизби сиёсии ба расмият шинохташудаи мамлакат дар ин нишаст 7 њизб ширкат дошт. Танњо Њизби сосиал – демократи Рањматилло Зойиров аз љаласа берун монда буд. Њатто Њизби нањзати исломї ва коммунист, ки пас аз интихоботи гузаштаи парлумонї эълон карда буданд, ки агар интихоботи таќаллубї њади аќалл дар пойтахт аз нав баргузор нашавад, онњо намояндагонашонро ба маљлисњои мањаллї ва Маљлиси намояндагон равон намекунанду аз њайати Шўрои љамъиятї хориљ мешаванд, дар ин нишаст њузур пайдо карданд. Тањлилгарон пас аз иштироки намояндагони Њизби коммунист дар Маљлиси намояндагон ва нишастњои гузаштаи Шўрои љамъиятї мегуфтанд, ки коммунистњо танњо пас аз «муомилаи» онњо бо њукумат ва ба сафи вакилонашон изофа шудани як нафари дигар, ваъдаи худро фаромўш карданд. Нањзатињо бошад бо сарварии Кабирї њамин чанде пеш зимни як мусоњиба бо хабарнигорон гуфтанд, сабаби иштирокашон њам дар парлумон ва њам Шўрои љамъиятї он аст, ки онњо бо кадоме аз њизбњои шарик дар ин бора шартнома ба имзо нарасонидаанд. Яъне, «як гуфтем, гуфтем да».
Аммо фикр мекунед ЊСДТ бо сарварии Зойиров дар ин нишаст аз рўи принсип иштирок накард? Хестед, ки хобед! Рањбарияти сосиал – демократњои Тољикистон ќабл аз баргузории љаласаи Шўрои љамъиятї нома навишта, дархост карда буданд, ки ба онњо њаќќи ширкатро бидињанд. Вале ба онњо чунин иљозат дода нашуд.
Ин дуввумин гоми нобарори Зойиров дар њамин чанд соли ахир буд. Ќадами аввалаш курсии вазири адлияро хостани ў аз «президенти ѓайриќонунї» буд, ки он сарфи назар гардид: на вокуниши мусбат, на манфие сурат нагирифт. Ба суоли журналистон пас аз ин изњорот посухи мутмаинкунанда садо надод, ки чї гуна аз президенте, ки интихоботаш «ѓайриќонунист», имкони вазифа пурсидан вуљуд дорад.
Њизби дигаре, ки Шўрои љамъиятиро тарк карда буд, демократњои Тољикистон буданд (воќеан ман узви ин њизбам ва раёсати душанбегии онро рањбарї мекунам). Аммо дар љаласа ин њизбро Масъуд Собиров ном шахсе намояндагї мекард, ки то њамин наздикињо дар доирањои сиёсии Тољикистон чї расад, ки дар ягон иќдому маъракањои ЊДТ касе надида буд (агар кадоме аз сиёсињои мамлакат иќрор бишаванд, ки дар ягон љаласаи то давраи наздиктарин Собировро њамчун узви фаъоли ЊДТ дидаанд, ба Худо аз хонанда узр хоњам пурсид ва дар назди дилхоњ судя љавоб хоњам гуфт)…
Эмомалї Рањмон дар љаласаи Шўрои љамъиятї, ки номаълум ба сифати кї баромад мекард (президент, ё раиси ЊХДТ), худро комилан дар «муњити безарар» эњсос менамуд. Агар Кабирї, раиси ЊНИТ дар ин нишаст намебуд, ман гумон мекардам, ки мо аслан марди сиёсї ва њизби мухолиф надорем. Дуруст аст, ки ў њам дар охир гузаронд: ба мо барои баргузории анљуманамон толор даркор аст!
Аммо, фикр мекунед ин дархости раиси ЊНИТ приммитивона буду аз тактикаи сиёсї орї?
- Толор барои чанд нафар даркор аст? –пурсид Рањмон ва сабаби ин гуна пурсиши «приммитивонаи» Кабирї ошкор шуд:
- Мо 800 вакил хоњем дошт ва наздики 200 мењмон.
- Ин аз ЊХДТ њам бештар аст – ку, - гуфт президент ё раиси ЊХДТ.
Ба андешаи ман, дар ин њолат Кабирї ба њадафи худ расид. Яъне «мо ана њамин гуна њизби сераъзоем», вагарна ЊНИТ ягона њизбест, ки бинои фарох дораду њамаваќт барои вакилонаш љой меёбад.
Суханронии дигар аъзои Шўрои љамъиятиро умуман сарфи назар кунем њам мешавад. Масалан, ба назари ман Масъуд Собиров, ки аз номи ЊДТ баромад мекард, намедонист аз профессор Њољимуњаммад Умаров (муовини раиси ЊДТ, љиноњи Искандаров) ниќор бигирад («љаноби Президент, кори хубе кардед, ки Пажўњишгоњи тадќиќоти иќтисодиро барњам задед», зеро Умаров дар ин пажўњишгоњ кор мекунад), ё пешнињоди дурусте бикунад («Њама ба Роѓун!», «дар назди Академияи илмњо ифтитоњ намудани Маркази энергетикї, њол он ки чунин марказ вуљуд доштааст) ва «њамаи њизбњо ба парлумон рањ биёбанд ва он касбї шавад»).
Шодї Шабдолов бошад ба ќавли Рањмон «аз табаддулоти љавонон» метарсаду мехоњад «таљрибадорњо» дар парлумон ба онњо рањнамої кунанд.
Хулоса, ба назари ман чунин менамояд, ки њамаи нерўњои дар љаласа њузурдошта аз идомаи муборизаи сиёсї аллакай огоњї доштанду имконоти худро акнун хуб медонистанд. Яъне мо дар ин мубориза ва интихобот шикастхўрдаем! Биноан, аз мўњтавои гуфтањояшон як чиз мебаромад: ба мо низ ягон љой шавад!
Ба таври дигар, ин намоиши ќудрати њукумати Эмомалї Рањмон ва заифии оппонентњои сиёсии интихобкардаи ў буд. Ман бори дигар мутмаин шудам, ки дар ин интихобот њеч гуна кафолат зарур нест: он шаффоф баргузор мешавад!
Аммо пешнињоди нисбатан љолибтарро пас аз ин нишаст боз њам Рањматилло Зойиров кард, ки ўро ба љаласа рањ надода буданд. Ў гуфт, Ўзбекистон дар интихоботи пешорўи парлумониаш барои муњитшиносон (экологњо) 15 квота муќаррар кардааст, ки аслан барои љанги идеологиву њуќуќї бо Тољикистон нигаронида шудааст. Раиси ЊСДТ гуфт њизби онњоро бо њуќуќшиносоњои маъруфаш мешиносанд ва агар ба онњо њукумат 5 курсї дар парлумон људо намояд, метавонанд аз манофеи Тољикистон њимоя кунанд.
Албатта, аз як љониб чунин талаботи Зойиров маънои онро дорад, ки боз њам ў шахси принсипиалї нест, зеро аз муборизаи аслии сиёсї дилаш мондааст. Аз љониби дигар, чанде пеш Сўњроб Шарифов – роњбари Маркази тадќиќоти стратегии Тољикистон гуфта буд, њукумат чун дид њизбњои сиёсї тавоно нестанд, маљбур шуд «њизбњои кисагї» -ро таъсис бидињад.
Пас, ба андешаи ман, бигзор ба њизбњо дар интихобот квота муќаррар кунанд. Зеро, баргузории интихобот бо њамин њизбу њаракатњои доштаамон сарфи ваќт ва маблаѓи бефоида аст. Аммо дар сурати пайдоиши њизбњои нави парлумонї аз тариќи квота, мардум аз њизбњои мухолиф кам метарсидагї мешаванду оњиста – оњиста мо ба љомеаи чандандеш наздик мешавем. Ба њар сурат, ин аз парлумони яккањибї бењтар хоњад буд. Вагарна ман лоињаи ќонун «Дар бораи оппозистсия»-ро омода намудан мехостам, то ин ки мавќеи мухолифон дар љомеа аз нигоњи њуќуќї муайян карда шавад ва тарси мардум низ камтар.
Њамон тавре дар ривоятњо омадааст, асосгузори давлати Исроил аз идеологњои худ мепурсад, ки дар љомеаи мо боз кадом рукнњои давлатдорї намерасанд. Ба ў посух медињанд: мо фоњиша надорем…
Супориш медињад: агар ин барои рукнњои давлатдорї муњим аст, фоњишањоро созед!

Комментариев нет:

Отправить комментарий