четверг, 24 декабря 2009 г.

«Бачаи чайра»

Чаро Рањматилло Зойиров ба баъзењо хуш намеояд?

Аз рухдодњои ваќтњои ахири сањнаи сиёсии Тољикистон чунин хулосае њосил мешавад, ки Њизби сосиал – демократи Тољикистонро ба ќатори «ва ѓайраву њоказо» ворид кардан мехоњанд. Хонандаи мо шояд латифаи машњуреро медонад, ки дар як мањфил номи чандин шоиру нависандагонро ба некї ёдовар мешаванду исми як шоири машњур фаромўш мешавад. Ваќте аз ў сабаб мепурсанд, посух медињад: «Чї хел номи маро нагирифтанд? Ва ѓайраву њоказо гуфтанд –ку, ана њамун манам!»
Ба њамин монанд номи ЊСДТ –и Рањматилло Зойировро замоне дар мањфилњои расмиву расонањои давлатї ба забон меоранд, ки гуфтан зарур мешавад: Тољикистон 8 њизби сиёсии аз љониби њукумат эътирофшуда дорад!
Аммо ба љаласаи Шўрои љамъиятї намояндаи ин њизбро рањ надоданд. Дар Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсї барои аъзои ЊСДТ љой пайдо нашуд. Сабаб, аниќтараш бањонаи рањ надодани Зойиров ба Шўрои љамъиятї чандон мутмаинкунанда нест: ЊСДТ узвияти Шўрои љамъиятиро тарк кардааст.
Зеро мо фаромўш накардаем, ки ЊКТ ва ЊНИТ низ пас аз интихоботи парлумонии соли 2005 эълон карда буданд, ки аз узвияти ин шўро хориљ мешаванд. Вале чаро инро «фаромўш» карданду аризаи нави Зойировро барои иштирок дар Шўрои љамъиятї сарфи назар?
Ба њайати навкўњнаи КМИР ворид накардани намояндаи ЊСДТ хеле як мавзўи љиддист ва Зойиров онро табъизи (дискриминатсия) њукумат нисбати њизбаш унвон намуд. Аммо, ба андешаи ман, масъаларо бояд аз ин њам љиддитар дид. Чанд сол пеш вазорати адлия мехост ЊСДТ –ро ба мурофиаи судї бикашад ва фаъолияташро мутаваќќиф созад. Бо кадом сабабе ин мурофиа баргузор нашуд. Кўшишњои ду аъзои нисбатан шинохтаи њизб, ки бо сару садо сафи онро тарк карданд, низ натавонист ба њолати умумии ЊСДТ таъсиргузор бошад. Ба њар сурат, фарзияи ба сари ин њизб овардани таљрибаи талхи ЊСТ ва ЊДТ ин маротиб ба кор нарафт.
Пас, рухдодњои ахиру ба сафи «ва ѓайраву њоказо» ворид кардани њизб чї маъно доранд?Оё инро набояд тавре фањмид, ки дар симои Зойиров касе «душмани дохилї» -ро љўёст?
Бубинед, њоло метавон тахмин зад, ки мо гўё «душмани хориљї» дорем ва он то андозае барои таќвияти вањдати миллии мо созгор омадааст. Аммо шояд касе сахт дар ин бора фикр дорад, ки «ин душман» наметавонад дар дохил «из» надошта бошад. Ба гуфтаи худи Зойиров ба рўи ў чандин бор мўњри «љосуси Ўзбекистон», «љосуси созмонњои байналмилалї» ва дигару дигар задан хостанд. Ў мегўяд дар њаќиќат замоне дар Тошканд ба сар бурдааст, аммо миллаташ тољик асту беш аз 20 сол боз дар Тољикистон ба сар мебарад. Њатто як замон мушовири калони њуќуќии Эмомалї Рањмон њам буд. Мухолифатњои љиддиаш бо њукумат танњо барои он аст, ки њуќуќшинос асту мехоњад масъалањо аз лињози њуќуќї дуруст баррасї шаванд. Аз љумла, дар бораи Роѓун.
«Пеш аз фурўхтани сањмияњои ин нерўгоњ он њамроњ бо корхонаи алюминий миллї эълон гардида буд. Ин чунин маъно дорад, ки сањмияњои ин нерўгоњро давлат на ба шањрвандони худаш фурўхта метавонад ва на ба хориљињо. Бигзор њукумат ќарори ќаблии худро бекор кунад, баъд сањмияњоро ба фурўш гузорад» - мегўяд ў. Аз ин иддао мухолифати Зойиров ба сохтмони Роѓун эњсос намегардад, балки мехоњад масъаларо аз нигоњи њуќуќї дуруст анљом дињанд. Пас чаро ба ў бовар намекунанд?
Интизор мерафт, ки дар бањси рў ба рў бо намояндагони Њизби халќї – демократии Тољикистон Зойиров ва пайравонаш ба суолњои зиёди худ посух дарёфт мекунанд ва низ зарфияти комили худро барои хабарнигорон маълум. Ба ин нишаст, ки аз љониби созмони «Журналист» ташкил шуда буд, ЊХДТ бо вуљуди 120 000 узв доштанаш чанд нафари начандон масъули худро фиристод. Њол он ки гуфта мешавад таќрибан тамоми элитаи сиёсиву иќтисодиву молиявии Тољикистон мансуб ба ин њизбанд. Пас њузур накардан дар бањс бо Зойиров ба чї хотир аст? Чизе барои гуфтан надоштанд, ё аз он тарс доштанд, ки ба масъалагузорињои раиси ЊСДТ чизе гуфтан мушкил аст?
Ваќте дар бораи аќидањои сосиал –демократї ва халќї – демократї дар ин бањс сухан рафт, суоли банда бељавоб монд:
- Чаро аќидањои сосиал – демократї ба мо наздиктар ва шинохтаанду дар минтаќаи мо аслан фањмишоти халќї – демократї ба ќудрат мерасанд? Масалан, дар Ўзбекистон њам ЊХД њизби њоким аст, як ваќт дар Афѓонистон низ русњо ЊХД ташкил карда буданд.
Зойиров гуфт аслан аќидаи халќї – демократї вуљуд надорад. Ин аќида як љузъи сосиал – демократист.
Шокирљон Њакимов муовини раиси ЊСДТ дар ин нишаст бо ќањр гуфт: «мо «бачаи љайра» нестем. Бар зидди манфиатњои давлату миллатамон намебароем. Аламовар аст охир, ки аз мо душмантарошї мекунанд»…
Њарфи Шокирљон, ки ин бо бисёр љиддї сухан мегуфт, љон дошт. Зеро шабакањои телевизионии Тољикистон њам бо Зойиров «ќањрї» кардаанд. Ба њар сурат, шоми 20 –уми декабри соли равон њам «Сафина» ва њам Шабакаи якум бори аввал хабари анљумани ЊНИТ –ро пахш намуданд ва баъзе огоњон, ки медонистанд ЊСДТ низ он рўз анљуман дорад, интизор шуданд, ки оё шабакањои анљумани Зойировро њам намоиш медињад? Аммо пас аз хабари анљумани Кабирї ва ваъдаи ў дар бораи харидорї кардани сањмияњои нерўгоњи Роѓун наттоќон дар бораи таркишњо дар Ироќ ва обхезї дар ИМА хабар пахш карданду аз анљумани ЊСДТ касе ёд наовард.
Албатта шабакањои телевизионї, ки аз анљумани Кабирї ва ёронаш хабар медоданд, дар бораи тафсилоти он чизе нагуфтанд. Нагуфтанд, ки Кабирї бархе аз маќомоти њукуматро барои бо бањонаи сатру њиљоб дур кардани занону духтарон аз мактабу идорањои давлатї «Толибони њукумат» номид. Нагуфтанд, ки нањзатињо таќозо карданд: њукумат љашну маросимњои давлатиро барои се сол моратория эълон кунад. Аммо хабар доданд, ки ЊНИТ 22 номзад ба вакилї пешнињод мекунад. Ин чунин маъно дорад, ки Кабирї 154 000 сомониро ба ихтиёри њукумате мегузорад, ки «10 сол боз дар бораи камбудињояш чизе нагуфтаем». Шояд умед дорад, ки ин миќдор пулро бозпас мегирад, чун эњтимоли ду вакил аз номзадњо мавриди бањсњост. Аммо чаро дар ин рўйхат исми Муњаммадалии Њайит, ки дар рўйхати гузашта сеюм буду ба љои Њимматзода вакил шуда натавонист, нест? Зеро бархењо мегуфтанд мушкили ЊНИТ бо КМИР ва бањси моддаи 57 мањз ба шахси Њайит марбут аст, ки нисбати дигар намояндагони ин њизб баљуръаттар аст…
Зойиров низ њоло 22 номзад пешнињод кардааст, аммо мегўяд эњтимол ин рўйхатро ихтисор кунанд. Шояд ў аниќ медонад, ки 154 000 сомониаш бебозгашт хоњад буд. Ба њар сурат, чунин менамояд, ки намояндаи ЊСДТ-ро дар парлумон касе интизор нест. Ва њатто касе мехоњад ин њизбро аслан ба кўи фаромўшї гузоранд…
Онњо њам метавонанд?!

[/b]

Комментариев нет:

Отправить комментарий